ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд нархи роҳкироро дар автобусҳои наве, ки аз ба наздикӣ ба хатсайр мебароянд, муайян кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.
Бино бар иттилои манбаъ, аз 1-уми августи соли равон автобусҳо бо хатсайрҳои микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва микроноҳияҳои 8-12 ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият оғоз мекунанд.
"Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масирҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда мешавад", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Шуруъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобусҳо дар сайрхатҳои номбурда 1 сомонӣ муайян карда шудааст.
Тавре манбаъ таъкид мекунад, ин раванд то баэътидол омадани вазъияти омӯзишӣ ва роҳандозии пардохти кортӣ амалӣ карда мешавад.
Ёдрас мешавем, чанде пеш дар назди пояи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Пештар хабар дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд", ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад, ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд.