Видеои "ДОИШ" барои исботи ҳамлааш дар Данғара: байъати 5 ҷавони тоҷик ба Бағдодӣ

Созмони террористии "ДОИШ" видеоро нашр кардааст, ки гуфта мешавад, дар он ҳамлагарон ба сайёҳон дар Тоҷикистон ба ин созмони террористӣ байъат кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тавре ВВС хабар додааст, дар ин навор 5 ҷавон зери дарахт дар як минтақаи куҳӣ дар пасманзари парчами "ДОИШ" ба ин созмони террористӣ байъат овардаанд.  

ВВС бидуни нашри навор, хабар додааст, ки дар он яке аз ҷавонон ҳукуматдорони тоҷикро маҳкум карда, кофар хондааст, ки дину сарзамини худро фурӯхтаанд.

Ҷузъиёти ҳодисаи Данғара: ВУД ҳамларо кори "ҲНИТ" хонд

Ба навиштаи манбаъ дар охири навор ҷавонон даст ба дасти ҳам дода, ҳамрайъияшонро ба Абубакри Бағдодӣ, роҳбари созмони террористӣ баён дошта, ваъда додаанд, ки кофарҳоро мавриди ҳамла қарор хоҳанд дод.

ВВС таъкид намудааст, ки шахсияти қаҳрамонони ин навор ва оё дар он воқеан ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара сабт шудаанд, то ҳол дақиқ нест.

Аммо зоҳиран бар асоси аксҳое, ки ВУД пешниҳод кардааст, дар навори ироакардаи "ДОИШ" воқеан ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара сабт шудаанд.

Ҳамла ба 7 дучархасавори хориҷӣ 29-уми июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара рух додааст. Мошини "Леганза" сайёҳонро зер карда, сипас афроди дохили мошин ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ба ҷабрдидагон бо корду табар ҳамла кардаанд.

"ДОИШ" масъулияти қатли сайёҳон дар Данғараро ба дӯш гирифт

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ — Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз, шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Вокке Рен Виллем, шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Швейтсария дар ҳолати вазнин дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

"ДОИШ" 30 июл бо нашри як изҳорот масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 31 июл бо нашри як иттилоия изҳор дошт, ки ҳамлаи Данғара кори дасти аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Раёсати ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ ин иттиҳомотро рад карданд.

Дар натиҷаи амалиёт алайҳи омилони ин ҳамла ҳадди ақал 4 нафар кушта шуда, 4 нафари дигар боздошт гардиданд.