ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон, Нуъмон Абдулғаффорзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарӣ дар Душанбе бо ибрози таассуф аз ҳодисаи кушта шудани гардишгарони хориҷӣ дар Данғара гуфт.
Вай афзудааст, мавриди таъсири ин моҷаро ба вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон феълан доварӣ кардан душвор аст.
"Бояд дид, натиҷаи таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса чӣ хоҳад буд ва умедворем, ки паёмадҳои ин ҷинояти ҳавлнок ба раванди рӯ ба рушди вуруди гардишгарони хориҷӣ ночиз аст", — таъкид доштааст Абдулғаффорзода.
ба гуфтаи раиси кумита, барои вуруди як миллион гардишгари хориҷӣ дар соли 2020 барномарезӣ шудааст, ки умед меравад, ба ин ҳадафи муҳим даст ёбанд. Ӯ гуфтааст, ки дар шаш моҳи нахусти имсол 900 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, ки 500 ҳазор нафар аз онон ба унвони гардишгар вориди ин кишвар шудаанд.
Дар соли 2017 беш аз 400 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои табиии кӯҳистони Тоҷикистон боздид карда буд.