Иззат Амон ба Раҳимзода: ивази ному насаб ба муҳоҷирони депортшуда мамнӯъ шавад

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, бештари муҳоҷироне, ки пас аз ивази ному насаб ба Русия бар мегарданд, қонуни кишварро нақз мекунанд. Ҳангоми ошкор шудани ин ҳолат, онҳоро маҳбас интизор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия Иззат Амон бо номаи вижае ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода муроҷиат кардааст, ки ба муҳоҷирони депортшуда ивази ному насаб мамнӯъ шавад. Мактуби ҳомии ҳуқуқ дар саҳифаи фейсбукиаш мунташир шудааст.

"Пешниҳоди ман аввал ба Ҳукумати кишвар, сониян ба Шумо ин аст, ки шаҳрвандони аз Руссия депорт шуда ба муддати 5 сол аз ҳуқуқи  иваз кардани ному насаб ва гирифтани шиносномаи нав маҳрум карда шаванд", — менависад ӯ.

Тоҷики депортшуда хост бо шиносномаи қирғизӣ вориди Русия шавад

Иззат Амон пешниҳоди худро чунин тавзеҳ медиҳад, ки иваз кардани ному насаб пас аз депорт шудан ва бозгашт ба Русия боиси зиндонӣ шуданӣ онҳо дар хориҷ гаштааст. Зеро муҳоҷирон бо ин амал қонуни Русияро нақз мекунанд ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Ҳамин ҳоло ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми вайрон кардани қисми 3 моддаи 322 (ғайриқонунӣ убур кардани марз) кодекси ҷиноии ФР дар зиндонҳо қарор доранд", — менависад вай.

Ба гуфтаи Иззат Амон, ин  моддаи қонун аз 0 то 6 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Ёдрас мешвем, пештар хабар дода шуд, ки кормандони идораи марзии ФСБ Русия дар  Алтай як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехост сарҳади Русияро ғайриқонунӣ убур кунад, дастгир карданд.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷири тоҷик қонуни муҳоҷиратии Русияро вайрон мекардааст.

Пештар ӯ вақте ки тариқи гузаргоҳи "Веселоярск" мехост ба Русия дарояд, огоҳонида шуда буд, ки аз кишвар ихроҷ шудааст.

Бо ҳамин далел, муҳоҷири тоҷик роҳи пиёдаро пеш гирифтааст. Ҳамагӣ пас аз убури 100 метр аз сарҳад марзбонони Русия ин марди тоҷикро дастгир карданд.

Қарор аст, муҳоҷири тоҷик ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида шавад.

Марзбонон аз аввали сол 40 муҳоҷири қонуншиканро дастгир карданд, ки мехостанд ба воситаи вилояти Алтай ғайриқонунӣ аз Қазоқистон ба Русия дароянд.