ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Шамил Шамсутдинов, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, мегӯяд чораҳо барои таъмини амнияти кормандони сафорат пурзӯр карда шудаанд.
"Ҷониби Тоҷикистон низ тадобири махсуси амниятиро таҳким бахшид", — изҳор доштааст Шамсутдинов ба Риа Новости.
Ба гуфтаи намояндаи сафорат барои ҳаракату сафарҳои дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон маҳдудиятҳо ворид гардиданд.
Тадобири Русия дар ҳолеянд, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, таҳдиди ҷиддие барои шаҳрвандонашро дар кишвар намебинад ва далеле барои баланд бардоштани дараҷаи хатарро надорад.