ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Коверт бо такя ба манобеи гуногун гуфт, 29 июл шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи бо мошин зер кардани дучархасаворони хориҷӣ, ба ҷабрдидаҳо бо корд ҳамла кардаанд.
Кордори сафорати ИМА бо такя ба Вазорати умури дохилӣ изҳор дошт, ки то ҳол як нафари муттаҳам боздошт ва ҳадди ақал се нафар кушта шудаанд.
Коверт ҳодисаро як ҳамлаи бемаънии берун аз ақл хонда, ба хонаводаи қурбониён ҳамдардӣ ва барои осебдидагон шифои комил хостааст.
Дар баробари ин кордори сафорат таъкид намудааст, ки далелу дастуре барои баланд бардоштани сатҳи таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон нест. Ӯ аз шаҳрвандони кишвараш даъват намудааст, ки аз муҳити атрофашон огоҳ бошанд ва барои ҳар кӯмаке бо рақамҳои 992-37-229-2000 ё 992-37-229-2300 ба сафорат муроҷиат намоянд.
Дар пайи садамаи маргбор дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара 4 дучархасавори хориҷӣ кушта шуданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони ИМА мебошанд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тайи як шабонарӯзи охир аз боздошти 4 нафар ва инчунин нобуд кардани 4 муттаҳами дигар хабар дод. Аммо кордори сафорат бо такя ба ВУД изҳор доштааст, ки то ҳол 1 нафар боздошт ва се нафар безарар гардонда шудаанд.