Дақиқаи хомӯшӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ва таҳкими тадобири амниятӣ дар саросари ҷумҳурӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҳукумат фоҷеаи маргбор дар роҳи Данғараро баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кори маҷлис садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор сайёҳи хориҷӣ шуд, баррасӣ гардид.

Фаврӣ: се муттаҳам дар марги сайёҳон кушта шуданд

Манбаъ мегӯяд,  Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқаи хомӯшӣ эълон карда, сипас  гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саимумин Ятимовро дар бораи фоҷеа шунидаст.

Гузоришгарон таъкид кардаанд, ки барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар кутоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шавад.