Фаврӣ: се муттаҳам дар марги сайёҳон кушта шуданд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон субҳи 30 июл се муттаҳам дар марги сайёҳонро ба пайгард эълон карда, дар нисфирӯз аз кушта шуданашон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, се муттаҳами фирорӣ, ки дар марги сайёҳони хориҷӣ айбдор мешуданд, дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара нобуд карда шуданд. 

"Се нафар ҷинояткорони дар кофтуков буда, дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара муайян карда шуда, онҳо безарар гардонида шуданд", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Пайгард: ВУД ҳувияти гумонбарони куштори хориҷиҳоро дар Данғара эълом кард (АКС)

Пеш аз зуҳри имрӯз ВУД эълон карда буд, ки се шаҳрванди Тоҷикистон — Зафарҷон Сафарови 19-сола, Асомуддин Маҷидови 19-сола ва Ҷаъфариддин Юсупови 21-сола мавриди пайгард қарор доранд. 

ВУД ҷузъиёти амалиёти ошкор ва нобуд кардани фирориёнро ироа накардааст, аммо қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин гуруҳ эҳтимолан мусаллаҳ мебошад. Як узви дигари гуруҳ 29 июл ҳангоми нишон додани муқобилият ба намояндагони мақомот дар деҳаи Торбулоқи Данғара кушта шуда буд. 

Ёдрас мешвем,  29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ҳодиса ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол аз боздошти 4 узви гуруҳ хабар додааст. Теъдоди муттаҳамони кушташуда низ ба 4 нафар расид. 

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон субҳи 30 июл изҳор дошта буд, ки фарзияҳои гуногуни ин ҳодиса, аз садама то куштор ва амали террористиро баррасӣ мекунанд.