Занги рашкбарангез: чаро ҷавони тоҷик зану кӯдакашро куштаст? (ВИДЕО)

Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар Иркутск парвандаи ҷиноии ҷавони 26-соларо, ки дар қатли ҳамсару кӯдакаш муттаҳам мешавад, ба додгоҳ фиристодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар Иркутск хабар додааст.

Расонаҳои Русия менависанд, муттаҳам муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад, ки аз рашк ҳамсар ва фарзандашро бо зарби корд куштаст.

Ба иттилои мақомоти Русия, бегоҳи 13 март ба полис як сокини шаҳри Иркутск муроҷиат карда, хабар додааст, ки дар манзилаш ҷасади зан ва кӯдаки хурдсолеро пайдо кард.

Тафтишот муайян кардааст, ки муҳоҷири 26-сола аз Тоҷикстон ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, зани 21-сола ва  фарзанди 1,5 солаашро бо зарби корд куштаст. Ба гуфтаи муттаҳам ба ҳамсараш нафаре занг задааст ва ӯ даст ба хиёнат задааст.

Дар пайи ҷиноят гумонбар қасди фирор ба Тоҷикистон кардааст, аммо боздошт гардидааст.