Пайгард: ВУД ҳувияти гумонбарони куштори хориҷиҳоро дар Данғара эълом кард (АКС)

Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, Юсуфов Ҷаъфариддин Садриддинович ва Маҷидов Асомуддин Ёрмаҳмадович дар пахш ва куштори шаҳрвандони хориҷӣ дар шоҳроҳи Данғара муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳувияти се гумонбари дигарро, ки  дар садамаи шоми 29 июл дар шоҳроҳи Данғара муттаҳам мешаванд, эълом кард.

Бино бар иттилои манбаъ, Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, Юсуфов Ҷаъфариддин Садриддинович ва Маҷидов Асомуддин Ёрмаҳмадович дар пахш ва куштори шаҳрвандони хориҷӣ дар шоҳроҳи Данғара муттаҳам мешаванд.

Ахбори ВУД

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, соли таваллудаш 04.11.1999, зода ва сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти С.Кабуд, деҳаи Селга, барои пахш намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва куштори онҳо дар ҷустуҷӯӣ қарор дорад.
Нафароне, ки онҳоро мушоҳида мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 221-01-49 ва 93-922-24-46 хабар расонанд. Хотиррасон карда мешавад, ки шахсе, ки дар муайян намудани ин нафар мусоидат менамояд бо тӯҳфаҳои калони моливу пулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Подозреваемый гражданин Таджикистана в наезде на иностранных туристов

Маҷидов Асомуддин Ёрмаҳмадович

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидов Асомуддин Ёрмаҳмадович, соли таваллудаш 14.01.1999, зода ва сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти С.Кабуд, деҳаи Селга, барои пахш намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва куштори онҳо дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Нафароне, ки онҳоро мушоҳида мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 221-01-49 ва 93-922-24-46 хабар расонанд.

Подозреваемый гражданин Таджикистана в наезде на иностранных туристов

Юсуфов Ҷаъфариддин Садриддинович
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва сокини шаҳри Норак, кӯчаи Тургенев, барои пахш намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва куштори онҳо дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Нафароне, ки онҳоро мушоҳида мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба телефони боварии Вазири корҳоӣ дохилӣ: 221-21-21, РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 221-01-49 ва 93-922-24-46 хабар расонанд.

Подозреваемый гражданин Таджикистана в наезде на иностранных туристов

Хотиррасон карда мешавад, ки шахсе, ки дар муайян намудани ин нафар мусоидат менамояд бо туҳфаҳои калони моливу пулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиат менамояд, ки барои муайян кардани ҷойи буду боши ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат намуда, кӯмаки худро расонанд. Ифшо нагардидани маълумот дар бораи шахсони мусоидаткунанда кафолат дода шуда, барои пешниҳод намудани маълумотҳои боэътимод онҳо бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми калон сарфароз гардонида мешаванд.
Телефонҳои боварӣ: 221-21-21, 221-01-49 ва 93-922-24-46, 93-922-21-11 (Вайбер, Ватсап, ИМО) суроғаи электронӣ: vkd.tj ва info@ubop.tj

Ёдрас мешвем, пештар хабар дода шуд, ки 29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои ВУД, ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Ахиран, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти 4 узви гуруҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дода буд.