Генерал Раҳимзода: Диловар Гуловро боздошт кардем

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, Диловар Гулов, писари 26-солаи Шералӣ Гул, собиқ вазири саноати кишвар дар боздошт мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ин бора Раҳимзода 30-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, алайҳи Гулов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан дар баррасии додситонӣ мебошад.

Дар мавриди Дилшод Нарзуллозода, милисаи 33-сола, ки Гулов дар латукӯби ӯ муттаҳам мешавад, Раҳимзода изҳор дошт, ки феълан вазъи саломатии корманди ҷабрдидаи милиса хуб мебошад.

Авбошӣ бо силоҳ: Ҳабсу эълони айб алайҳи Диловар Гулов ва шарикони варзишкораш

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Диловар Гулов бо итиҳоми авбошӣ бо силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода шудааст, айб эълон кардааст.

Тавре расонаҳои Тоҷикистон аз қавли додситонии Душанбе иттилоъ доданд, парванда бар асоси моддаи 237 оғоз гардида ва дар доираи ин қазия 4 шарики дигари Гулов, аз ҷумла ду варзишкор ба ҳабс гирифта шудаанд.

Боздошти писари собиқ вазири энергетика ва саноат, шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.