Вазир ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳон дар Данғараро тасдиқ кард

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сайёҳон дар Данғара баъди садамаи нақлиётӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раҳимзода имрӯз, 30 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин фоҷиаро бисёр нанговар хонда, изҳор дошт, ки баъди зер кардани сайёҳон афроди дохили мошин бо корд ба ҷабрдидаҳо ҳамла кардаанд.

"Ин бисёр ҷинояти нанговар аст. Се нафар гумонбар ҳоло дар фирор қарор доранд. Гурӯҳи махсус кор карда истодааст, тамоми фарзияҳоро санҷида истодаем" — гуфт Раҳимзода.

Ҳамдардӣ ва ваъдаи Раҳмон ба роҳбарони ИМА, Швейтсария ва Нидерландия барои фоҷиаи сайёҳон

Ба гуфтаи вазир ин гуруҳи муттаҳам силоҳи оташфишон низ доштаанд ва нисбати сайёҳон низ аз корду силоҳ кор бурдаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ин ҳолатҳо ба қайд гирифта шудаанд ва феълан дар баррасии додситонӣ қарор дорад. Тамоми фарзияҳо, аз садама то амали террористӣ ва куштор таҳқиқ хоҳанд шуд ва санҷиш асли қазияро муайян мекунад.

Вазири умури дохилӣ инчунин аксҳои се муттаҳами фирориро пешниҳоди ВАО кард, ки ба зудӣ дар ин сафҳа нашр хоҳанд шуд. Раҳимзода инчунин хабари қаблии ВУД-ро дар бораи кушта шудани ду муттаҳам рад карда, изҳор дошт, ки танҳо як нафар кушта шуд.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти 4 узви гурӯҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дод

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ аз рӯи нишондоди дастгиршуда Адбусамадов Ҳ.А., сокини шаҳри Душанбе, боз ду сокини шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар ба алоқамандии ин гурӯҳ дастгир шудаанд.

Манбаъ афзуд, ки чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзои гурӯҳ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳалокати ду велосипедрони амрикоиро дар Данғара тасдиқ карда, афзудааст, ки феълан ҷузъиёти бештари қазияро ироа карда наметавонад.

Ду кушта дар задухӯрди мақомот бо омилони марги сайёҳон дар Данғара

Сафорат бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони ҳалокшудагон таъкид намудааст, ки бо мақомоти тоҷик барои таҳқиқи ин қазия ҳамкорӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон,  29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини  "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад,  7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст.  Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Супориши Президент барои боздошти ҷинояткоре, ки 4 сайёҳро кушту 3 нафарро маҷруҳ кард

Ду сайёҳи ҳалокшудаи дигар шаҳрвандони Швейтсария ва Ҳоланд мебошанд.

Ба иттилои ВУД, ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон  ва мошинашон  дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар деҳаи Торбулоқ 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан ба маъмурин нобуд карда шуданд.

"Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

ВУД дар лаҳзаҳои аввали фоҷиа изҳор дошт, ки фарзияи аввал садамаи нақлиётӣ мебошад ва ҳолатҳои дигарро низ таҳқиқ хоҳанд кард.