Ҳалокати 12 сокини кишвар бар асари офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эъон намудааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Муҳаммадҷон Салимзода муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки дар тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд.

Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонда аст.

Чор қурбонӣ ва 2 миллион хисорот: зарари офати табиӣ ба Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд.

"Аз ин панҷ нафар бар асари сангрезӣ, ду нафар аз зарби раъду барқ, як нафар аз заҳролуд шудан бо гелиотроп ва чаҳор нафар бар асари сел мебошад"- таъкид кард Салимзода.

Инчунин вай афзуд, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 1485 хонаи истиқоматӣ, 3836,99 га заминҳои кишт, 12 пул ва 11,346 километр роҳи мошингард зарар дида аст.

Салимзода гуфт, ки ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахши вилояти Хатлон кумакҳо дар шакли маводҳои сохтмон, ғизо, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ расонда шуд.