Шӯрои уламо пулгирӣ ба ивази хунро мамнуъ хонд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон додани хунро ба ивази маблағ мамнуъ хондаааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik.  Зулфия, корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон масъалагузорӣ кардааст, ки чанд сол боз донор аст ва ба ивази супоридани хун ба ӯ 100 сомонӣ медиҳанд.

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар чорабинии хунсупорӣ ширкат карданд

"Чанд рӯз пеш ҷиянам гуфт, хунсупорӣ ва фурӯхтани узви бадан гуноҳ будааст. Мехоҳам бифаҳмам, ки агар ин гуноҳ бошад, дигар хун насупорам", — изҳор доштааст Зулфия

Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш изҳор доштааст, ки дар ҳолатҳои зарурат додани хун ба беморон ҷоиз аст.

"Дар ҳолати зарурат хун додан барои беморон ҷоиз аст, вале фурӯхтан ё нарх гузоштани он манъ аст", — изҳор доштааст Шӯрои уламо.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, хунсупорӣ ва ироаи аъзои бадани афроде, ки дучори марги мағзӣ шудаанд, метавонад садҳо бемори ниёзмандро дар кишвар наҷот диҳад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ то моҳи июли соли равон барои 412 бемор дар кишвар пайвандсозии гурда ва барои 29 нафар ҷарроҳии пайванди ҷигар гузаронда шудааст.