ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони пулис марди 39-солаи сокини деҳаи Ҷарқурғони ноҳияи Истаравшан дастгирт шуд, ки духтари 14-солаашро ба худкушӣ расонидааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки номбурда аз аввали моҳи майи соли 2017 то моҳи июли соли 2018 мунтаззам нисбати фарзанди ноболиғаш, духтарчаи 14-сола, хонандаи синфи 7, муносибатҳои бераҳмона намуда, шаъну шарафашро дар назди аҳли оила ва ҳамсоягонаш паст мезадааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки вай духтари ноболиғашро таҳдиди лату кӯб карда ба иҷрои корҳои вазнини хоҷагӣ маҷбур мекардааст, ки дар натиҷа ноболиғ дар дохили хонаи истиқоматишон худро дор кашида ба ҳалокат расидааст.
ВУД вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда тафтишот идома дорад.