Радди овозаҳо: Раҳимзода бо хабарнигорон мулоқот мекунад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сарусадоро, ки эҳтимол соли равон нишасти матбуотии ин ниҳод баргузор намегардад, рад намуд
Sputnik

Ҳамкорӣ мекунем: мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард"
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, нишасти матбуотии ин ниҳод 30 июли соли 2018, соати 11:00 дар бинои худи Вазорат сурат мегирад.

Манбаъ мегӯяд,  нишасти матбуотӣ бо ҳузури генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор хоҳад шуд.

Нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо амри раисиҷумҳур аз 15 сентябри соли 2011 ҳар шашмоҳа баргузор мегарданд. Ниҳодҳои давлатӣ аз бурду бохти соҳаашон дар нимсола ба ВАО гузориш медиҳанд.