Нархи табобат дар Тоҷикистон 15% баланд мешавад

Мақомоти Тоҷикистон нархномаи нави хидматрасониҳои тиббиро таҳия доранд, ки бар асоси он ҳаққи хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳудуди 15 дарсад боло хоҳад рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар ин бора имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Душанбе иттилоъ дода шуд.

"Барқи тоҷик" хостори болобарии нархи барқ шуд

Саидалӣ Ҳафизов, масъули бахши иқтисоди Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки нархҳои нави хидматрасониҳои тиббӣ аз нархҳои феълӣ то 15 дарсад қиматтар хоҳанд буд.  Ӯ далели қиматшавиро ба боло рафтани нархи маводи дигар, аз ҷумла доруворӣ рабт дод.

Ба иттилои Ҳафизов бори охир нархномаи хидматрасониҳои тиббӣ соли 2014 тасдиқ шуда буд ва дар ҳоле, ки нархи маводи дигар боло мерафт, арзиши хидматрасониҳои тиббӣ бетағйир монд.

Азми Вазорати тандурустӣ барои боло бурдани нархи хидматрасониҳо дар ҳолест, ки ширкати "Барқи тоҷик" низ пешниҳод кардааст, нархи барқ 15 фоиз боло бурда шавад.

Пешниҳодҳо барои боло бурдани нархи хидматрасониҳо ба мардум дар ҳоле ироа гардида истодаанд, ки бар асоси дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон  аз моҳи сентябри соли 2018 маоши кормандони давлатӣ аз 10 то 15 дарсад ва ҳаҷми нафақаю идрорпулӣ низ то 15 дарсад афзоиш хоҳанд ёфт.