Маҳмадсаид Зувайдзода: чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ тахриб намешаванд

Шаҳрдории Душанбе барои тахриби чойхонаи “Роҳат” тасмим нагирифтааст, баръакс барои таъмири намои бинои чойхона кумак кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Зувайдзода, зимни нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки мақомоти иҷроияи шаҳр тасмиме дар бораи тахриби чойхонаи "Роҳат" ва театри ба номи Лоҳутӣ нагирифтааст.

"Ба мо аз Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ қароре дар бораи тахриби ин иншоотҳо нарасидааст. Шаҳрдорӣ низ дар ин бора тасмиме надорад. Дар ҳоли ҳозир чойхона ва театр фаъолият доранд ва ахиран мо ба чойхона кумак кардем, ки намои бино таъмир шавад", —гуфт  Зувайдзода.

Вай афзуд агар дар бораи тахриби ин биноҳо қарор қабул шавад, аз тарафи мақомот як комиссияи бузурги ҳукуматӣ ташкил хоҳад шуд, ки хулосаҳои худро дар ин бора пешниҳод мекунад.

"Ҳоло ин гуна комиссия ташкил нашудааст ва ҳатто барои ташкили он ишора ҳам нест", — таъкид кард вай.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар бораи тахриби биноҳои чойхонаи "Роҳат" ва театри ба номи Лоҳутӣ, ки ба истиллоҳ, аз рамзҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, хабарҳо нашр шуда буд.

Қаблан гуфта шуда буд, ин ду иншоот дар феҳрасти биноҳое шомил гардидаанд, ки бояд тахриб шаванд.

Хабари тахриби биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дар соли 2016 пайдо шуда буд. Фаъолони шаҳр аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш намуда буданд, ки биноҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла чойхонаи "Роҳат"-ро тахриб накунанд.