Путин розӣ шуд, ки бо Эрдуғон ба ресторан равад, аммо бо як шарт

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба пешниҳоди Эрдуғон розӣ мешавад ва бо ба ресторан меравад, танҳо дар ҳоле ки Туркия барои гӯшти Русия бозори худро кушояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар нишасти БРИКС раисҷумҳури Туркия Таҷаб Эрдуғон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки бо вай барои ғизои нисфирӯзӣ ба ресторан равад, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар посух Владимир Путин шӯхиомез гуфтааст, ки дар  ҳоле пешниҳоди ҳамтои туркашро қабул мекунад, ки ба Туркия гӯшти Русия ворид шавад.

"Мо қарор додем, ки агар маҳсулоти гӯштии мо ба кишвари шумо ворид шавад ва дар ресторанҳои шумо хӯрокҳоро бо гӯшти Русия омода кунанд, он вақт бо шумо ба хӯрокхӯрӣ меравем", — қайд кард вай.

Дар нишати БРИКС сарони Русия ва Туркия масоиили ҳамкорӣ дар масоили гардишгариву иқтисод ва вазъи Сурияро баррасӣ карданд.