Мубориза бо саратон: Иосиф Кобзон дар бемористон бистарӣ шуд

Дар Маскав ҳунарманди машҳур ва вакили маҷлиси Русия Иосиф Кобзон, ки тайи 13 сол бо саратон мубориза мебарад, дар беморхона бистарӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Муовини аввали Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили фарҳангӣ Иосиф Кобзон ба яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ гардид. Дар ин бора расонаҳои Руся хабар медиҳанд.

Кобзон, ки имсол 81-сола мешавад, аз соли 2005 инҷониб бо бемории саратон мубориза мебарад.

Ба қаври ҳамсараш Нинел, ҳунарманд ҳоло худро беҳтар ҳис мекунад.

Ёдрас мешавем, моҳи гузашта низ Кобзонро ба бемористон интиқол дода буданд. Аммо наздиконаш гуфтанд, ки он вақт саломатиаш хуб буд ва танҳо барои табобат бистарӣ гашта буд.

Иосиф Кобзон соли 1937 дар вилояти Донетск таваллуд шудааст. Аллакай дар ҷавониаш ӯ дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур шуда буд.

Кобзон бо ҳофизони Тоҷикистон, аз ҷумл ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дӯстиву иртибот дорад. Чанд мартиба дар Тоҷикистон консертҳояшро баргузор кардааст,

Кобзонро барои ҷонибдории ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия дар соли 2014 ва ҷонибдории мавқеи Ҳукумати Русия ба чанд кишваҳои Аврупо ва ва Амрико роҳ намедиҳанд.