Рустами Эмомалӣ барои Меҳрона кумакпулӣ таъин кард

Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои Меҳрона Ғайбуллоева, иштирокдори озмуни байналмилалии "Ты супер", "Ту беҳтаринӣ"-и шабакаи телевизионии "НТВ" - и Русия кумакпулӣ ё худ стипендия таъин кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, кумакпулии Меҳрона муодили 250 сомонӣ дар як моҳ буда, тайи нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда мешавад.

Меҳрона Ғайбуллоева дар бораи мушкилии сарзада байни ӯ ва холааш

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки кумакпулии мазкурро, ки ҷамъ 2250 сомонӣ мебошад, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

Ҳадафи қарори мазкури Рустами Эмомалӣ ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани соҳибистеъдоди ҷавон — Ғайбуллоева Меҳрона арзёбӣ шудааст, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.

Ба ҳаяҷон дода шудам: Меҳрона Ғайбуллоева аз Игор Крутой бахшиш пурсид

Меҳрона аз волидон маҳрум шудааст ва қаблан зимни суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз раиси шаҳр дархост карда буд, ки дар таъмини манзил ба вай кӯмак расонад.

"Ҳоло шахсан ба қабули раиси шаҳр нарафтаам. Аммо аз фурсати муносиб истифода бурда, аз шаҳрдор хоҳиш дорам, ки ба ман дар таъмини манзил кӯмак кунад, зеро дар ҳақиқат сахт ба манзил ниёз дорам",- изҳор дошт ӯ.

Меҳрона Ғайбуллоева бо муваффақият дар се давраи озмуни "Ту беҳтаринӣ" Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Духтари тоҷик тавонист дар доираи озмун маҳорати худро ба маротиб сайқал диҳад, ҳатто байни сокинони Тоҷикистон номдор ҳам шуд.