Ду зебосанами тоҷик дар озмуни "Мисс СНГ-2018" ширкат мекунанд

Ду модели тоҷик Малика Қаюмова ва Назира Мирзоева дар озмуни зебогии "Мисс СНГ-2018" Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Озмун имсол дар Остона баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Моделони тоҷик Малика Қаюмова ва Назира Мирзоева ҷумҳуриро дар озмуни байналмилалии зебогии "Мисс СНГ-2018", ки дар Остона баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

Озмун аллакай аз 18 июл дар Қазоқистон оғоз шуда, то фардо, 27 июл идома меёбад.

Аксҳои духтаронро вебгоҳи расмии озмун дар Инстаграм мунташир кардааст.

Малика Қаюмова пештар дар Тошканд барандаи озмуни "Роза Востока-2018"  шуда буд.

 

 

Назира Мирзиева низ дар ҷашнвораи "Мисс Тоҷикистон-2017" барандаи унвони "Мисс фотомодел" гашт. Ҳарду ҳам 18 сол доранд.

 

 

Дар озмун 17 зебосанам аз 9 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Латвия  барои тоҷ мубориза мебаранд.

Дар қисми расмии барнома духтарон либоси миллии кишвари худро намоиш дода, дар бозии фикрӣ иштирок мекунанд.

Ин озмун дар Қазоқистон бори аввал баргузор мешавад. Мақсад аз он рушди сайёҳӣ, шиносоӣ бо фарҳангу маданияти миллатҳои гуногун гуфта мешавад.