Генерали тоҷик: Маҳмуд Худойбердиев дар Узбакистон нест, хатаре вуҷуд надорад

Искандар Солеҳзода, сардори пулиси вилояти Хатлон муътақид аст, ки Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги фирории тоҷикистонӣ, баъди даргузашти Ислом Каримов, қаламрави Узбакистонро тарк кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Солеҳзода имрӯз, 25-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маълумоти дақиқ дар бораи макони будубоши Худойбердиев рӯи даст нест, аммо тибқи баъзе маълумот ӯ дар Туркия қарор дорад.

Сардори пулиси Хатлон таъкид намуд, ки қабл аз имзои созишномаҳо масъалаи ҳузури Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон ва таҳдидҳо аз ин кишвар баррасӣ гардид. Ӯ қотеона таъкид намуд, ки Худойбердиев феълан дар кишвари ҳамсоя нест ва таҳдиде аз ин кишвар барои Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дустиву ҳамкориро бо Узбакистон густариш диҳанд

Полковник Маҳмуд Худойбердиев, аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ буд, ки баъди пирӯзии ин гурӯҳ дар ҷанги соли 1992, фармондеҳии як бригадаи махсуси артиши Тоҷикистон дар водии Вахшро бар ӯҳда дошт. Аммо вай бо ҷонибдоронаш бори аввал соли 1996 ва бори дувум соли 1997 муқобили ҳукумати Тоҷикистон шӯриш бардошта, тамоми водии Вахш то ағбаи Фахробод ва дар исёни дувум ҳатто қисматҳое аз водии Ҳисор бо шумули корхонаи алюминсозии Турсунзодаро зери назорати худ оварданд. Баъди шикасти исёни дувум дар тобистони соли 1997 бо ҷангиёнаш ба Узбакистон фирор карданд.

Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард, вале боз шикаст хӯрда, маҷбур шуд боз ҳам ба Узбакистон фирор кунад.