Кишоварз: тарбузро сари замин 12 сомонӣ фурӯхтаму дар "Саховат" 30 сомонӣ харидам

Саъдулло Умаров, кишоварз аз ноҳияи Ҷайҳун, мегӯяд нархи тарбуз дар бозорҳои Душанбе аз нархе, ки деҳқон сари замин мефурӯшад тақрибан се баробар зиёд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Умаров мегӯяд, 24 июл дар бозори Саховати шаҳри Душанбе як тарбузро ба ивази 30 сомонӣ харидааст. "Ҳамин қадар тарбузро рӯзе пеш аз сари замин 12 сомонӣ фурӯхтам", — изҳори ҳайрат кард ӯ.

Кишоварзи тоҷик далели гаронии тарбузро ба камбуди ин навъи маҳсулот рабт дод. Ӯ гуфт соли гузашта кишоварзон тарбуз коштанд ва чун нарх арзон шуд фоида надиданд.

"Порсол, ки фоида надиданд, имсол бисёриҳо дар заминҳо пахта кишт карданд", — иттилоъ дод Умаров.

Тарбузи гарони 2018-гармӣ гунаҳкор, тарбузи арзони 2017-гармӣ гунаҳкор

Ӯ гуфт, худаш ҳамагӣ дар як гектар тарбуз корид ва тасдиқ кард, ки бархе палакҳо заифу хушк шуда истодаанд.

"Эҳтимол бо додани дору палакҳо метавонанд дубора рушд кунанд, аммо дору низ хеле қимат аст", — гуфт Умаров.

Дар ҳамин ҳол сокинони Душанбе мегӯянд, феълан тарбузи ҳаҷмаш миёна дар пойтахт 15-20 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати соли пешӣ 3-4 баробар қимат мебошад.  Дар ҳамин давраи соли гузашта тарбузи ҳаҷмаш миёна 5-6 сомонӣ нарх дошт.

Далели гаронии нархи тарбузу харбуза ба ҳарорати баланди ҳаво рабт дода мешавад, ки боиси камҳосилӣ ва хушк шудани растаниҳо шудааст.