Бонки Миллӣ: кори "Агроинвестбонк" баду аз "Тоҷиксодиротбонк" беҳтар

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ноуҳдабароии "Агроинвестбонк" интиқод карда, аз беҳбудиҳо дар фаъолияти "Тоҷиксодиротбонк" иттилоъ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Нурмаҳмадзода имрӯз, 25 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки "Агроинвестбонк"  уҳдадориҳояшро тайи соли 2017 ва шашмоҳаи соли 2018 иҷро накардааст. Аз ҷумла натавонистааст, ки 5 дарсади саҳмияҳояшро аз Вазорати молия харад ва пасандози мизоҷонашро бозпас гардонад.

Ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ ҳаҷми уҳдадории "Агроинвестбонк" дар назди мизоҷонаш 803 миллион сомониро ташкил додааст ва нисбати масъалаи баргардондани маблағи пасандозҳо чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.

Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Дар мавриди "Тоҷиксодиротбонк"  Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки марҳила ба марҳила уҳдадориҳояшро иҷро карда истодааст. Аз ҷумла ин бонк тавонистааст 5 дарсади саҳмияҳояшро аз давлат харад ва фоизи пасандозҳои мизоҷонашро низ пардохт намояд.

Ҳаҷми уҳдадории "Тоҷиксодиротбонк" дар назди мизоҷонаш 547 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.

Раиси Бонки Миллӣ изҳор дошт, ки ниҳоди тобеяш омода аст барои ҷалби сармоя аз кишварҳои арабӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" кӯмак намояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки бонкҳои дучори мушкили Тоҷикистон то 2019 муҳлат гирифтаанд, ки вазъи худро муътадил намуда, қарзи мизоҷонро пардохт намоянд.