Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, роҳбарияти қаблии бонкҳои "Эсхата" ва "Имон интернешнл"-ро тайи ду соли охир барои ҷой доштани камбудиҳо огоҳӣ доданд ва ниҳоят аввали соли равон барканор намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Нурмаҳмадзода имрӯз, 25 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, "Эсхата"-ро 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва "Имон интернешнл"-ро 500 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва нисбати роҳбарият чораи ниҳоӣ-барканорӣ аз мақомро татбиқ намудаанд.

Суҳбати Шерхон Салимзода: эълони номи саркардаҳои нашъаҷаллобон ва амалиёти бонкии онҳо

Ба гуфтаи раёсати Бонки Миллӣ дар ду бонки мазкур камбудиҳои марбут ба додугирифти бонкӣ ва интиқоли пул ошкор шудааст. Аз ҷумла даст доштани бархе аз кормандони бонк ба пулшӯӣ ва додугирифти бонкӣ бо гуруҳҳои террористию маводи мухаддир ошкор гардидааст. 

Раиси Бонки Миллӣ дар ин робита афзуд, ки нисбати 4 корманди бонк парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудаанд.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, кормандоне, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд дар бонки "Эсхата" фаъолият доштаанду маблағи гуруҳи машғул ба нашъаҷаллобиро интиқол медодаанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои охири буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон, "Эсхата" ва "Имон интернешнл" аз ҷумлаи муассисаҳои камшумори муътадил арзёбӣ мешуданд, ба мизоҷон хизмат мерасонданд.

Ихтисори 10 дарсади кормандони бонки "Эсхата"

Нурмаҳмадзода мегӯяд, барканории роҳбарияти бонкҳои мазкур ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ надошта, баръакс дар аҳди роҳбарони нав теъдоди мизоҷони ин муассисаҳои молиявӣ афзоиш ёфтаасту корашон беҳтар шудааст.

Моҳи феврали соли равон Хуршед Носиров аз роҳбарии бонки "Эсхата" сабукдӯш ва зимоми раҳбарии ин бонк ба дасти Акбар Назаров гузашт.  Гулбаҳор Маҳкамова низ моҳи феврали соли равон аз роҳбарии бонки "Имон интернешнл" барканор гардида, ба ҷои ӯ Зокир Абдурашидов таъин гардида буд.

Дар изҳороти "Имон интернешнл" дар бораи барканории Маҳкамова, аз фаъолияти ӯ қадрдонӣ шуда, таъкид гардида буд, ки Маҳкамова тасмим гирифтааст ба корҳои илмии худ машғул шавад.