Чин бурсияҳои таҳсил барои тоҷиконро бештар кард

Чин дар соли таҳсили 2018-2019 барои донишҷӯёни тоҷик 350 бурсия ҷудо намудаст, ки нисбати соли қаблӣ 50 адад зиёд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 23 июл дар мулоқоти  Сайфиддин Давлатзода, муовини вазири маориф бо Петер Ванг Шенганг, раиси котиботи бурсиявии Чин густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф баррасӣ гардид.

Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин феълан беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд.

Инчунин зикр шудааст, ки дар Тоҷикистон ду маркази илмию фарҳангии Конфутсий-дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон метавонанд забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро омӯзанд.