Тавсифи Раҳмон аз ободкориҳо дар аҳди Рустам Эмомалӣ: вусъат бояд дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июл ба масъулини давлат супориш дод, ки барои ба шаҳри муосир табдил додани Душанбе ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он чораҳои фаврӣ андешанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ, ободонию созандагиро дар пойтахти мамлакат давоми наздик ба ду соли охир қаноатбахш арзёбӣ намудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки новобаста ба ин натиҷаҳо бояд тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе то рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон вусъат дода шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.

Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт: ба мақомот кумак кунед

Роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат муваззаф шудаанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани вазъи муассисаҳои тандурустии пойтахт, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологӣ ва дар маҷмуъ таъмини зиндагии шоистаи сокинони пойтахт ва ба шаҳри пешрафтаву муосир табдил додани он тадбирҳои таъхирнопазир андешанд

"Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳо дода шуданд", — иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Раисиҷумҳур ба ҳукумати Душанбе дастур додааст, ки ҳамкориро бо соҳибкорони хориҷӣ тақвият бахшида, фаъолияти худро барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҷоннок намояд.

Рустами Эмомалӣ: роҳ ба сӯи мансаб

"Аз соҳибкорони бонангу номуси шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти муосиргардонии шаҳри Душанбе ва омодасозии пойтахти мамлакат ба чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ва ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд ва саҳми арзандаи худро дар ободии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон гузоранд", — таъкид намудааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Аз роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба таҳия ва татбиқи нақшаи бунёдкориву ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ талаб карда шуд, ки иҷрои босифати корҳоро таъмин намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини аҷдодӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.