Милисаҳо як фоҳишахонаи дигарро дар Душанбе ошкор карданд

Дар ташкили он зани 36-солаи сокини кӯчаи Алишер Навоӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Милисаҳои шаҳри Душанбе як фоҳишахонаи дигарро дар пойтахт ошкор карданд, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ташкили фоҳишахона дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт зани 36-сола муттаҳам мешавад.

"Номбурда,  21-уми июли соли 2018, тахминан соати 13:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 35-сола ва зани 41-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ гирифтааст", — менависд манбаъ.

ВУД афзудааст, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Пештар, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як фоҳишахона дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маркази шаҳри Душанбе хабар дода буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, маъмурини милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ҷавони 22-сола, сокини шаҳри Бохтарро дар ташкили ин фоҳишахона муттаҳам мекунанд. Бар асоси иттилоия ҷавони муттаҳам феълан дар боздошт қарор дорад.