Бонки ҷаҳонӣ дар бораи қарзҳои шубҳаовари "Барқи тоҷик": қарздории мардум "туҳмат" аст?

Бонки ҷаҳонӣ фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик"-ро дар соли 2017 зараровар хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ корхонаҳои давлатии Тоҷикистон соли гузашта, ҳудуди 2,8 миллиард сомонӣ зарар дидаанд, ки аксари ин зиён ба фаъолияти "Барқи тоҷик" рост меояд.

Ин ниҳод инчунин аз қарзҳои шубҳаовари "Барқи тоҷик" зикр кардааст, ки ҳаҷмашон аз ҳадди 500 миллион сомонӣ гузашта, бозгардонданашон ғайриимкон ба назар мерасад.

Масъулини "Барқи тоҷик" ҷой доштани қарзҳои бесуроғаро қаблан эътироф карда, изҳор доштанд, ки  ин қарзҳо асосан аз солҳои қаблӣ боқӣ мондаанд. Қисми зиёди қарз, ки "Барқи тоҷик" ба мардум нисбат медиҳад, ғайривоқеӣ арзёбӣ мешавад.

"Барқи тоҷик" хостори болобарии нархи барқ шуд

Қаблан Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон санҷиш гузаронда муайян намуда буд, ки дар бархе аз сохторҳои "Барқи тоҷик" беасос мардумро қарздор мебароранд. Тибқи ин санҷиш "Барқи тоҷик" қарзи мардумро аз барқ ба маротиб зиёдтар нишон медод ва аксаран талафоти барқ низ ҳамчун қарзи мардум ҳисобот дода мешудааст.

Дар ҳоле, ки коршиносон аз мудирияти нодурусти молиявӣ дар "Барқи тоҷик" интиқод мекунанд, ин ниҳод ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки нархи барқ 15 дарсад боло бурда шавад.

Бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба андозаи 15 дарсад боло рафта буд ва феълан мардум дар кишвар барои як киловат 16,8 дирам пардохт мекунанд. Дар сурати қабули пешниҳоди нави "Барқи тоҷик" нархи барқ барои аҳолӣ 19,3 дирамро ташкил хоҳад дод.