Суҳбати Ноҳид Зайналпур: аз асли эронӣ, мушкилоти муҳоҷират ва дилбандӣ ба Ватан (НАВОР)

Ноҳид Зайналпур, ғижжакнавози маъруфи тоҷик, ки 18 соли охир дар Маскав кору иқомат дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз асли эронии худ, ҳолаш дар солҳои ҷанг, оғози муҳоҷират ва дилбандияш ба Тоҷикистон суҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ноҳид Зайналпур,  духтари Теймур Зайналпур, муҳоҷири сиёсӣ аз Эрон ва коргардони “Тоҷикфилм”, мегӯяд, рағбаташ ба ғижжак аз аслу решаҳои эронияш сарчашма мегирад.

 “Дар Эрон ин сози мусиқӣ тақрибан дар ҳар хона садо медиҳад. Ман духтари муҳоҷири сиёсӣ аз Эронам. Вақте дар синни 6-солагӣ дар мактаби мусиқӣ салиқаи фавқулодаам дар ғижжакнавозӣ ошкор шуд, волидон изҳор доштанд, ки хушбахт хоҳанд буд, агар духтарашон ғижжакнавоз шавад”, — гуфт Зайналпур.

Аз оҳангҳои Ноҳид то таронаи Фарзона ва рақси Фарҳод: ҳунарнамоии тоҷикон дар "Этномир"

Ӯ афзуд, таваллудаш дар оилаи санъаткорон дар зиндагӣ хеле кӯмакаш кард.  Падараш, Теймур Зайналпур, коргардони “Тоҷикфилм” ва модараш, Гулибоғ Зайналпур, омӯзгори назарияи мусиқӣ будаанд.

Ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон, бо таассуф гуфт, ҳанӯз дар оғози роҳаш ба саҳнаи бузург дар Тоҷикистон нооромиҳо сар заданд ва бисёре аз мутахассисон кишварро тарк намуданд. Ноҳид он солҳо дар Театри опера ва балети шаҳри Душанбе кор карда, ҳамзамон дар чорабиниҳои дигар, ба монанди тӯйу зодрӯзҳо ҳунарнамоӣ намуда, рӯзашро мегузарондааст.

Гузориши аксӣ аз 20-солагии Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав

“Ҳама ин рӯзҳоро доштанд. Муҳим буд, ки руҳафтода нашавему сарфи назар аз мушкилиҳо пеш қадам гузорем”, — изҳор дошт Ноҳид ва таъкид намуд, ки маҳз мусиқӣ барои паси сар кардани мушкилиҳо ба ӯ кӯмак мекард.

Ғижжакнавози маъруфи тоҷик изҳор дошт, ки дар барномаҳои расмӣ, аз ҷумла дар ҳузури сарони давлатҳо зиёд баромад мекард ва ҳатто аз дасти раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳунарнамоияш медал гирифтааст. Ӯ идома дод, ки ба далели камбуди кори доимии сазовор Тоҷикистонро бо қасди Русия тарк намуд.

“Мо аввалину охирин нестем. Садҳо ҳазор ҳамватан бо вуҷуди доштани касб натавонистанд дар Ватан ҷои кор пайдо кунанд. Аммо мо Ватанамонро хеле дӯст медорем ва ҳозир ҳам парчами кишварамонро боло мебардорем”, — гуфт Зайналпур

Ӯ нақл кард, ки дар Маскав низ дарҳол ҷои кор пайдо накард ва чун аксари муҳоҷирони дигар аз сифр оғоз намуд.

“Дар қаҳвахонаю тарабхонаҳо кор меҷустам ва нахустин корҳоям чунин буданд.  Ин ягон ҷои шарм надорад, чун нони ҳалол аст”, — муътақид аст Ноҳид.

 

Ба гуфтаи Зайналпур солҳои аввали зиндагияш дар муҳоҷират мушкил буданд, аммо бо мурури замон шаҳрвандии Русия гирифт ва оилааш низ ба наздаш омад. Ӯ афзуд, фарзандонаш дар Маскав таҳсил кардаанду соҳибкасб шуданд ва ин шаҳрро самимона дӯст медорад.

Ғижжакнавози маъруфи тоҷик изҳор дошт, ки бо муҳоҷирони ҳамватанаш дар робитаи доимӣ аст ва ҳар кӯмаке, чӣ моддӣ ва чӣ маънавиро аз онҳо дареғ намедорад.  Ӯ илова намуд, ки дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони Русия фаъолона иштирок дорад.

“Мо хушбинем, талош дорем чашми халқҳои дигарро ба фарҳанги тоҷикон боз намоем. Мехоҳем,  нишон диҳем, ки тоҷикон  на танҳо кӯчарӯбу ронанда, балки намояндаи куҳантарин фарҳанг мебошанд”, — таъкид намуд Зайналпур.