Ҳавои тафсон дар рӯзҳои истироҳатӣ низ боқӣ мемонад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво мисли рӯзҳои қаблӣ боқӣ монда, то 45 дараҷа мерасад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 45 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.