Шикояти марди хуҷандӣ: бо роҳи фиреб "Лексус"-амро гирифтанд

Марди 27-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пештар суд шудааст, ба қаллобӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки марде дар шаҳри Хуҷанд ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки худравашро бо роҳи фиреб гирифта, пулашро надодаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, шикоятбаранда- марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, соли 2016 ба як марди хуҷандӣ автомашинаи "Лексусаш"-ро фурӯхта, то ҳол маблағашро нагирифтааст.

"Мошин 12 ҳазор доллар нархгузорӣ шуда, аз он танҳо 2 ҳазор долларашро гирифта, 10 ҳазор доллари боқимондаро то ҳол гирифта наметавонам", - навистааст дар аризаи шикоятиаш мард.

Муттаҳам, марди 27-сола, пештар бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.

Шӯъбаи ВУД дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин далел тафтишот мебарад.