Шикоят дорем: ноиби ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба масъулини Эрон мактуб навишт

Зоҳирон ин мактуби ноиби ректор посух ба ҳамон вокуниши Сафорати Эрон аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Искандаршо Умаров ба масъулини Эрон номаи шикоятӣ навиштааст.

Ёдрас мешавем, пештар Сафорати Эрон дар Душанбе алайҳи нашри мақолаҳое, ки ба иттилои ин ниҳод, миёни мардуми тоҷику Эрон тафриқа эҷод мекунанд, вокуниш нишон дода буд.

Зоҳирон ин мактуби ноиби ректор посух ба ҳамон  вокуниши Сафорати Эрон аст.

"Мо мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он шикоят дорем, ки миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо Ҷумҳурии исломии Эрон макони сарпаноҳи хоинон ва душманони миллати тоҷик гардидааст", - менависад дар оғози мактуб Умаров.

"Шумо хуб аз таърихи сулҳи тоҷикон огаҳ ҳастед, ки бо чӣ гуна ҷонбозиҳо ба даст омад. Агар дастандаркорони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ҳадафашон сулҳи воқеӣ мебуд, пас чаро дар зери ливои сулҳ зиндагии осударо нахостанд?", - пурслон мешавад дар идома ноиби ректор.

Дар анҷом Искандаршо Умаров гуфтааст, ки "Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон  аз ибтикору хизматҳои Эрон дар марзи Тоҷикистон ёдовар мешавад. Аммо аз "ибтикор"-у "хизматҳое" чун даъвати террористи ашаддӣ ва роҳбари ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" чизе нагуфтааст, дар бораи маскун гардонидани террористон ва ифротгароён дар шаҳрҳои хеш чизе нагуфтааст!".

Дар анҷом ноиби ректор "чаро" навишта, аломати суол ҳам мегузарад, ки интизори посухи масъулини эронӣ аст.