Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард

Маркази имдоди шоҳи Салмон ба мардуми Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар як маросими ботантана 50 тонна хурмо супорид.

Маркази имдод ва умури башардӯстонаи шоҳи Арабистони Саудӣ хурмоҳоро ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ироа кардааст.

Маросими супоридани хурмоҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сафорати Арабистони Саудӣ баргузор шуд.  Дар маросими супоридани хурмоҳо Абдулазиз ибн Муҳаммад ал-Бодӣ, намояндагони  Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва раиси Ожонси давлатии захираҳои молии Тоҷикистон Абдукарим Раҳимов иштирок намуданд.

Дар Хуҷанд 20 тонна хурмои қочоқшударо кашф ва забт карданд

"Ҳаҷми кӯмаки башардӯстона ба Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи Арабистони Саудӣ 50 тоннаро ташкил дод. Кӯмаки мазкур миёни оилаҳои камбизоат тақсим хоҳад шуд", - таъкид кард сафири Арабистони Саудӣ.

Пас аз маросими супордани кӯмаки башардӯстона сафир ба Абдулкарим Раҳимов либоси миллии Арабистони Саудиро низ тақдим намуд.

Инчунин маркази имдоди Салмон дар Тоҷикистон лоиҳаи мустаҳкамкунии соҳили рӯдҳои кишвар, ки тақрибан 7 миллион долларро ташкил медиҳад, анҷом дод.

"Тарҳи дигаре, ки сохтмони маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро дар бар мегирад,  дар шаҳри Душанбе амалӣ мешавад. Маблағи ин лоиҳа наздик ба як миллион доллар буда, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд”, - таъкид кард сафир.

Қарор аст, дар маросими ифтитоҳи ин бино, ҳайъати баландпояи Арабистони Саудӣ ширкат намояд.

Ба Тоҷикистон инчунин дигар муассисаи молии Арабистони Саудӣ кӯмак мерасонад. Аз ҷумла Бунёди рушди Арабистони Саудӣ барои рушди Тоҷикистон  наздики як миллион доллар кумак расондааст.