Марзбонони қирғиз дар Исфара чӯпонҳои тоҷикро лату кӯб карданд

Қазия ду рӯз пештар сар зада, марзбонон аз чӯпонони тоҷик талаб кардаанд, ки дар мавзеи баҳснок чорво начаронанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Марзбонони қирғиз дар ҷамоати Ворухи Исфара чӯпонони тоҷикро лату кӯб кардаанд.

Тавре як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ворух ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод, қазия ду рӯз пештар, 18 июл дар марзи Исфараву вилояти Ботканд — ҷамоати Ворух ва деҳаи Оқсой сар задааст. Марзбонон аз чӯпонони тоҷик талаб кардаанд, ки дар мавзеи баҳсноки марзӣ чорво начаронанд.

"Сокинон ду рӯз пештар шикоят карданд, ки онҳоро марзбонони қирғиз лату кӯб кардаанд. Марзбонон аз онҳо хостаанд, ки дар минтақаи баҳснок чорво начаронанд", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи манбаъ, аз рӯйи ин далел тафтишот бурда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз, 20 июл низ дар марзи Ворух ва Оқсой байни марзбонони қирғиз ва сокинони Ворух муноқиша рух додааст. Манбаъ аз боздошти марзбонони қирғиз аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар Ворух изҳори бехабарӣ кард.

"Имрӯз низ дар Ворух байни марзбонону сокинон муноқиша сар задааст, вале дар бораи боздошти марзбонони қирғиз аз ҷониби мақомоти тоҷик маълумот надорем", — афзуд вай.

Ёдрас мешавем, пештар расонаҳо хабар доданд, ки имрӯз, 20 июл дар ҷамоати Ворух, байни сокинон ва марзбонони қирғиз ҷанҷол бархост.  Дар натиҷа, мақомоти Тоҷикистон 4 сарҳадбони қирғизро боздошт карданд.

Шаҳрдорӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қазияро пайгирӣ хоҳад кард.

Бори аввал нест, ки байни марзбонону сокинони марзими Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар мезанад.

Чунончи, як моҳ пештар, 4 июнмоҷарои дастгир шудани марзбонони тоҷик аз тарафи сарҳадбонони қирғиз сурат гирифта буд. Ҳодиса дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо Лайлаки Қирғизистон рух дод.

Дар пайи як муноқиша дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати "Калашников" ба ҳудуди худ бурданд.

Баъд аз "асир" афтодан се сарҳадбони тоҷик аз тарафи ҳамтоёни қирғизи худ лату кӯб низ шуда буданд.

Марзбонони тоҷик танҳо пас аз гузашти тақрибан 5 соат ва дахолати мақомоти баландпояи марзбонии кишвар озод шуданд.