ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Идиев дар моҳи декабри соли гузашта ба моддаи 316 қисми 3 КҶ Тоҷикистон барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои худ, ки сабаби марги Толибҷон Дӯстов, сокини ноҳияи Шаҳритус шудааст, айбдор шуда буд. Вай ҳуқуқи берун рафтан аз маҳали иқоматро надошт.
Додгоҳ шурӯъ аз 31 январи соли ҷорӣ парвандаи Идиёвро баррасӣ кард. Аммо вай 20 июн ба додгоҳ ҳозир нашуд.
"Айбдоршаванда гурехта, ҳоло ҷой ва макони ӯ номаълум мебошад. Дар куҷое, ки набошад — дар дохили Тоҷикистон ё хориҷ аз он, вай зуд дастгир хоҳад шуд. Агар ӯро дар хориҷ аз кишвар дастгир кунанд, додситонии кулли Тоҷикистон барои баргардонадани вай дархост хоҳад кард", — гуфт Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон.
Вай таъкид кард, ки Идиев ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои худ айбдор мешавад, аммо агар вай дастгир шавад ӯ бо дигар ҷиноятҳо низ айбдор хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки 26 июли соли 2017 дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир Толибҷон Дӯстов дастгир шуда буд.
Толибҷон Дӯстовро корманди пулиси ноҳияи Дӯстӣ дастгир карда буд. Баъд аз чанд соати боздошт, хешовандон ҷасади Дӯстовро дар бемористони ноҳияи Қубодиён пайдо карданд.
Ба хешовандони Дӯстов гуфтанд, ки вай ба иллати сактаи дил ҷон додааст. Хешовандони Дӯстов ба додситонӣ муроҷиат намуданд. Алайҳи корманди пулиси ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.