Кумитаи дин аз зоирини тоҷик хостааст изи ангушт супоранд

Расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушт дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ба роҳ монда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имсол дар кишвар гирифтани изи ангушти зоирин роҳандозӣ шудааст. 

Оғози мавсими ҳаҷ дар Тоҷикистон маълум шуд

“Ҳамасола чунин тадбири амниятӣ дар фурӯдгоҳҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ анҷом дода мешуд, ки боиси ташвиш ва издиҳоми зиёди ҳаҷравандагон мегардид. Аз ин лиҳоз, имсол бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин тадбир дар худи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи дин.

Ин ниҳод афзудааст, ки расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушт дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ба роҳ монда шудааст.