Обуҳавошиносон: Имрӯз дар Душанбе то 42 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ҷойҳо рӯзона боридани борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.