Дар тобистон беҳтар аст, ки дар Душанбе шом ба сайру гашт бароед. Зеро рӯзона ҳарорат бениҳоят гарм аст. Хусусан кӯдакону пиронсолон гармии бениҳоят баландро таҳаммул карда наметавонанд. Занҳо одатан бо худ чатр мегиранд. Мардҳо бошанд, бо обу нӯшокиҳои ташнашикан аз гармӣ паноҳ меҷӯянд. Сокинони пойтахт ҳамчунин имконияти дар боғҳои салқин нишастан, ё ба назди фаввораҳо рафтанро доранд.