Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА дар Вена

Исматулло Насредин, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.  Исматулло Насредин, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар иҷлоси Кумитаи иқтисодӣ-муҳитизистии САҲА, дар шаҳри Вена қарор дорад, бо Дабири кулли ин созмон Томас Гремингер мулоқот намудаст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додаст.

Ба иттилои манбаъ тарафҳо зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо хатару чолишҳои муосир, рушду тавсеаи ҳамкориҳои Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе бо ниҳодҳои дахлдори кишвар баррасӣ карданд.

Натарсонед! Шигифти САҲА аз 12 соли зиндон барои 13 ҳазор доллар

Инчунин Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик, Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Австрия мулоқот анҷом додааст.

“Зимни мулоқот тарафҳо роҳҳои густариши муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Австрияро дар марҳалаи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои мухталиф ва дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд”, - хабар дод Вазорати умури хориҷӣ.

Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик дар масъалаи густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, илм, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро баррасӣ кардаанд.