Дастфишории Владимир Путин Меланя Трампро тарсонид (НАВОР)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши аҷиби ҳамсари раисҷумҳури ИМА Меланя Трампро дар рафти дидор бо Владимир Путин баррасӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Корбарони интернет ба вокуниниши бонуи аввали Амрико Меланя Трамп дар рафти аҳволпурсӣ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар Хелсинки аҳамият додаанд.

Дар наворе, ки нашрияи Daily Mail мунташир кардааст, дида мешавад,  Меланя бо раисҷумҳур дастфишорӣ мекунад ва пас аз он ваҷҳи рӯяш якбора дигаргун мешавад.

Ба гуфтаи корбарони Фейсбук ва Твиттер дар андоми Меланя Трамп  ҳарос ё ҳайрат ҳис мешуд.

Қисме аз корбарон мегӯянд, ки лиқои ҳамсари Трамп дар вохӯриҳои расмӣ доим якхела аст.

Ёдрас мешавем, ки бори аввал нест, корбарон рафтори бонуи аввали Амрикоро дар мулоқотҳои расмӣ баррасӣ мекунанд. Чунончи, дар моҳи феврал дар яке аз мулоқотҳои расмӣ ҳамсари Трамп аз акси якҷоя бо шавҳараш худдорӣ карда буд.

Дидори Доналд Трамп бо Владимир Путин дар Хелсинки 16 июл сурат гирифт.  Аввал раисҷумҳурон чашм ба чашм мулоқот карда, сипас ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд.