Вазир аз таваҷҷуҳи соҳибкорон ба камбуди ҳоҷатхона дар роҳҳо гуфт

Вазири нақлиёт аз мардум даъват намуд, ки қабл аз оғози лоиҳаҳо фикру пешниҳодҳояшонро ироа кунанд, то масъулин онро ба назар гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Соҳибкорони Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик дар канори шоҳроҳҳои кишвар замин хостаанд, то нуқтаҳои хизматрасонӣ созанду ҳамин тариқ камбуди ҳоҷатхона дар роҳҳоро бартараф намоянд.

Дар ин бора Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Қисме аз шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд фурӯ рафт

Ба гуфтаи Худоёрзода, минбаъд мақомоти тоҷик зимни таҳияи лоиҳаи роҳҳо бунёди ҳоҷатхонаҳоро низ дар канори он ба нақша ворид мекунанд. Ӯ аз мардум даъват намуд, ки қабл аз оғози лоиҳаҳо фикру пешниҳодҳояшонро ироа кунанд, то масъулин онро ба назар гиранд.

Худоёрзода таъкид намуд, ки дар пайи дарёфти эроду шикоятҳо минбаъд дар лоиҳаи роҳҳо, гузаргоҳҳо барои чорво, ҳоҷатхонаҳо, гузаргоҳҳои ҳавоию зеризаминӣ пешбинӣ мегарданд.