Таҳқиқи таркише, ки ду бародари тоҷикро кушт

Додситонӣ таъмини шароити меҳнат ва бехатариро дар корхонаи "Автоген" таҳқиқ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Додситонии Русия таҳқиқи таркиши зарфҳои газро дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт Петербург , ки боиси марги Акмал ва Мансур, ду бародари тоҷик шудааст, оғоз кардааст.

Тибқи иттилоияи расмии мақомоти умури дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, таркиш тақрибан соати 12:30-и 17 июл, дар кӯчаи Литовский, дар нуқтаи газфурӯшӣ рух додааст.

“Дар натиҷаи таркиши зарфи 50-литрии ҳомили пропан дар коргоҳи газфурӯшии “Автоген”, ду корманди нуқтаи газпуркунии зарфҳо ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ ҳалокшудаҳо - бародарон Мансур ва Акмал мебошанд, ки дар нуқтаи газтаъминкунии “Автоген” кор мекардаанд. Додситонӣ иттилоъ додааст, ки феълан таъмини шароити меҳнат ва бехатариро дар корхонаи мазкур таҳқиқ дорад ва аз натиҷаи он қарор қабул хоҳад кард.