"Дар рӯзи аввали шиноварӣ дар наздикии ҷазираи Кумедзима ба ман даст дод, ки ба наҳанги кӯзапуште бо бачааш во хӯрам",- гуфтааст ғолиби озмун.
Дар озмун аз тамоми ҷаҳон беш аз 13 ҳазор аккос ширкат намуданд.
Дар озмун аксҳо ба се гурӯҳ тақсим мешуданд: "Табиат", "Шаҳрҳо" ва "Одамон".
Барандаи ҷоизаи аслии озмун 10 ҳазор доллар мукофот гирифт. Ба аккосоне, ки дувум ва савум шуданд, 2,5 ҳазор долларӣ доданд.
Маҷаллаи National Geographic, нашрияи расмии ҷамъиятиву ҷуғрофии миллии Амрикост.
Маҷалла бештар дар бораи ҷуғрофиё, табиат, таърих ва фарҳанг мавод интишор мекунад.
Мақолаҳои маҷалла бо аксҳои рангорангу гуногун оро дода мешаванд.
Аввалин намунаи маҷаллаи National Geographic дар моҳи октябри соли 1888 ба нашр расидааст.