Грозин: фурӯши оби Сарез таъсире ба таодули об дар Узбакистон надорад

Коршинос Андрей Грозин, бар он аст, ки фурӯши оби кӯли Сарез ба ширкати чинӣ ба вазъи таъмини об дар Узбакситон таъсире намегузорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Фурӯши оби кӯли Сарез ба ширкати чинӣ ба вазъи таъмини об дар Узбакситон таъсире намегузорад, мегӯяд коршиноси рус Андрей Грозин.

"Душанбе тайи 15 соли охир ин лоиҳаро пешниҳод мекард. Ҳама мегуфтанд, ки ин лоиҳаи бисёр ҷолиб аст, аммо он амалӣ намешуд", — таъкид кардааст Грозин.

Ҳоло ҳавасмандии Чин дар ин лоиҳа пеш аз ҳама нишонаи намоиши имкониятҳои бузурги кишвар асту бас, афзудааст коршинос.

"Сарез ба тавозуни об дар Узбакистон ҳеҷ таъсире намугузорад", — гуфт Грозин.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран "Ориёнбонк "бо ширкати чини Heaven Springs Dynasty Harvest Group шартнома баст. Минбаъд оби шаффофу шафобахши кӯли Сарез ба кишварҳои ҷаҳон фурӯхта мешавад.

Ширкати чинии Heaven Springs Dynasty Harvest Group дар Тоҷикистон корхонаи коркарди об бунёд карда, оби кӯли Сарезро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда, ба хориҷа содир хоҳад кард.