Хуҷанд: содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷ афзудааст

Дар корхонаҳои саноатӣ 73 навъи маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 52 навъи маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 аз 100,0 фоиз то 6 маротиба зиёд истеҳсол карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.  Дар нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 507,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Дар ин бора муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода зимни баргузории маҷлиси фаъолони шаҳр хабар додааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 93,9 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 31,7 дарсад ё 22,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

"Дар корхонаҳои саноатӣ 73 навъи маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 52 навъи маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 аз 100,0 фоиз то 6 маротиба зиёд истеҳсол карда шудааст", — афзудааст манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон, дар натиҷаи такомули диверсификатсия дар истеҳсолот бо роҳи ворид намудани технологияҳои мосир 41 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 154,1 млн. сомонӣ истеҳсол кардаанд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 35,2 млн. сомонӣ ё 29,6 дарсад афзоиш ёфтааст.