БДА рақамҳои зебои силсилаи "НР" - 01, "DO" - 08 ва "DD" - 07- ро мефурӯшад

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "НР" - 01, "DO" - 08 ва "DD" - 07 хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 28 июл дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 28 июли соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи НР" — 01, "DO" — 08 ва "DD" — 07 ба таври музояда фурӯхта мешаванд.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоъия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ВВ" — 07 ва "ЕМ" — 01 —ро ба фурӯш гузошта буд.