Бархӯрди пурқурбонӣ: Ду кушта ва 9 маҷруҳ дар роҳи Ваҳдат – Лахш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин садамаи пурқурбонӣ идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори ду худрави “Опел” дар роҳи Ваҳдат-Лахш иттилоъ дод, ки 2 кушта ва 6 маҷруҳ барҷой гузошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, садамаи маргбор 16-уми июли соли 2018, тахминан соати 07:00 рух дод.

Манбаъ мегӯяд, Талабшо Собиров, ронандаи 32-солаи “Опел-Вектра” аз ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Маҳмадҷон Қосимов, сокини дигари 31-солаи Файзобод бархӯрдааст.

 “Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Сангов Қутбиддин Ҳабибович, соли таваллудаш 1965 ва Икромов Сӯҳроб Садриддинович, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Ронандаҳо ва 7 мусофири дигар, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.