Ҷузъиёти бештари худкушии волидони арӯсшаванда дар Конибодом

Волидони як арӯсшаванда, ки гӯиё ташхис бокира набуданашро маълум кардааст, даст ба худкушӣ задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон худкушии зану шавҳари 42-соларо дар шаҳри Конибодом тасдиқ карданд.

Аз ҷуфти марҳум Мурод ва Шоира Ғаниеваҳо ном бурда мешавад, ки дар ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом зиндагӣ мекардаанд. Ғаниев худро шабона ба дор овехтааст ва ҳамсараш рӯзи дигар -14 –уми июл худро ба дарё андохтааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, хабарнигори маҳаллӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки волидон бояд духтарашонро ба шавҳар медоданд, вале ташхиси қабл аз тӯй муайян намудааст, ки арӯсшаванда бокира нест.

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ташхис, Ғаниевҳо қасди ҷони худ кардаанд. 

Аммо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди далели худкушӣ изҳор медоранд, ки феълан ин қазия таҳти санҷиш қарор дорад.